Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, таҳти №4 дар бораи “Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии минтақавӣ, рўзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар дар муассисаҳои илмии АИКТ”, Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ дар даҳаи аввали моҳи августи соли 2024 мизи мудаввар дар мавзўи «Рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда дар соҳаи кишоварзӣ»-ро дар толори маҷлисгоҳи Институт баргузор менамояд.

Дар мизи мудаввари мазкур иштироки васеъи коршиносону олимони соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ дар назар аст.

Вобаста ба ин, хоҳишмандем то 10 асгусти соли 2024 гузоришу мақолаҳо ва тезисҳои худро ба сомонаи электронии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ бо риояи талаботҳои зерин ирсол намоед.

Матн дар компютер бо редактори (Word формати doc. RTF), шрифти Times New Roman Tj бо забони давлатӣ ва шрифти Times New Roman бо забони русӣ, андозаи 14 бо фосилаи байни сатрҳо 1,5 ва сархати 1см, андозаи ҳошияҳо: аз боло ва поён 2см, аз чап 3см ва аз рост 1,5см. Ҳаҷми мақола то 8 саҳифа бо дарназардошти аннотатсия ва калидвожаҳо.

Макони баргузории мизи мудаввар: ш. Душанбе, кўчаи Ҳайёти Нав 306. Бинои Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

E-mail: nig75@mail.ru

Тел: + 992 911 01 28 29; + 992 37 236 92 01