
Дар радифи мафҳуми Ватан, Истиқлолият, Сулҳ, Модар, Ваҳдати миллӣ барои мо мардуми тоҷик мақоми хосу арзанда дорад. Ин вожаи бароямон муқаддас бо забони ширину гуворо талаффўз ёфта, дўстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, якдилию якдигарфаҳмӣ оромию осудагии халқу давлатро дар худ таҷассум карда, боиси саодату сарбаландӣ, хушбахтии миллат, пешравӣ, тараққиёт ва ободии кишвари азизамон гардидааст. Мо миллати сарбаланди тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имконият ба даст овардем, ки аз асолати худ огоҳ шуда, ба таърихи қадимаи миллати хеш ошноӣ пайдо карда, мероси ғании гузаштагонамонро аз нав эҳё созем ва худогоҳу хештаншинос бошем.
Мавриди зикри хос аст, ки бузургтарин ҳадяе, ки Худованди Қодиру тавоно ба мардуми тоҷик дар охири асри 20 ато кард, ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, раҳнамои дурандеш, ғамхору созанда аз рўзҳои нахустини ба мансаби Роҳбари давлат интихоб гардиданашон бо иродаю ҷасорати наҷибонаашон тавонистанд, ки ба боварии мардуми кишвар сазовор гарданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар симои Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Пешвои миллие шуд, ки аз баракати Сарвари давлат дар Тоҷикистони азиз сулҳу Ваҳдати миллӣ барқарор гардида, дар тўли 28-соли Ваҳдати миллӣ марҳила ба марҳила дар ҷомеа корҳои ободониву созандагӣ татбиқ шуда, бунёди иншоотҳои азими саноатӣ, энергетикӣ, коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва дигар иншоотҳо оғоз гардиданд. Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост. Ин суханони олӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ кишвар ва мардуми мамлакат иброз гардид. Солҳои навадуми асри гузашта оғози кори сулҳсозиву ваҳдатофарӣ, дўст доштани Ватан, хифзи марзу буми аҷдодӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ васф ва тараннуми зебоиҳои ин сарзамини биҳиштосо аз даъватҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёфтанд. Имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун таҷрибаи нодиру бесобиқа созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд ва тамоми тоҷикони дунё Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари худ медонанд. Ин албатта, қадршиносӣ нисбати хизматҳои содиқона ва ҷонисорона ба манфиати миллат ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат аст. Масоили суботу амният дар ҷойи аввал қарор гирифта, бо шарофати талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта дубора сарҷамъ шуда, мардуми Тоҷикистон муташаккилона ба корҳои созандагию ободкорӣ шурўъ карданд. Зиёда аз як миллион ҳамватанони берунрафта тавассути даъватҳои шабонарўзиву бародаронаи Роҳбари давлат ба Ватан баргашта, ҳамчун як узви ҷомеа ва фарзандони як Ватан ба кору зиндагӣ сар карданд. Агар ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон назар афканем, баръало мушоҳида мекунем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин иншооти саноативу истеҳсолӣ, нерўгоҳҳои хурду миёнаи энергетикӣ, ҳазорҳо даргоҳи илму маориф, фарҳанг, варзишгоҳҳо сохта шуда, ба фаъолият оғоз карданд.
Имрўз мо ифтихор аз он мекунем, ки давлати миллии соҳибистиқлоли мо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф гардид. Баракати истиқлолияти давлати буд, ки имрўз Тоҷикистон бо 176 давлати дунё равобити расмии дипломатӣ барқарор намуда, дар 30 кишвар сафоратхонаю намояндагиҳои доими худро ташкил намуда, айни замон кишвари мо узви беш аз 20 созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, дар ҳаллӣ тамоми масоили ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад.
Сухангўйиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд ва шуҳрати онро хеле баланд бардошт.
Аз ҷумла бо ташаббус ва пешниҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-юмро «Соли байналмилалии Оби тоза», солҳои 2005-2015-юмро «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Айни ҳол аксарияти чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавӣ вобаста ба об дар чаҳорчуби ҳамин даҳсола гузаронида мешавад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, ин иқтидоми Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ панҷумин ташаббуси глобалӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин комёбиву пешравиҳое, ки имрўз дар Ватани азизамон ба амал меояд, самараи сиёсати сулҳҷўёнаву ваҳдатофари Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ин рў моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, саҳми босазои худро дар пешрафту шукуфои Ватани азизамон-Тоҷикистон гузорем.
Мирзон Некрўз Мирзон - номзади илмҳои
иқтисодӣ, мудири шуъбаи омўзиши равандҳои
кластеркунонӣ дар КАС-и ИИвТСРК АИКТ